МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Феврал 2021
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Ташриф ба ротаи 2-юми баталёни 2-юми қисми ҳарбии N°6593

Бахшида ба 28-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло ва комиссари Комиссариати Мардонзода Акобир ҳарбии шаҳри Норак ба ротаи 2-юми баталёни 2-юми қисми ҳарбии N°6593 ташриф оварда аз шароитҳои қисми ҳарби дидан намуданд.


Илова бар ин аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оила хизматчии ҳарбие, ки дар рафти адо намудани вазифа ҳалок гардида буд ёрии моддӣ расонида шуд.

Муфассал: Ташриф ба ротаи 2-юми баталёни 2-юми қисми ҳарбии N°6593

Аёдати оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ

Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо бахшида ба 23 феврал-Рӯзи Артиши миллӣ ба аёдати оилаҳои хизматчиёни ҳарбие, ки дар вақти адо намудани вазифа ҳалок гардидаанд рафта ба вазъи зиндагии онҳо шинос гардида , кӯмакҳои моддӣ расониданд.

Муфассал: Аёдати оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ

ДОНИШГОҲИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИЗМ ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад?

8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки яке аз донишгоҳҳои калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерўҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин таҳрим аз тарафи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА бо қарори рақами 10590000383 анҷом шудааст. Дар шарҳи қарор омадааст, ки ин «донишгоҳ» бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориҷии он - сипоҳи «Қудс», ки ду сол пештар ҳамчун ташкилоти байналмилалии террористӣ эътироф шуда буд, алоқаи бевосита дошта, ҳамчун маркази тайёр кардани мубаллиғони ифротӣ ва ҷосусҳо барои идораҳои амниятии Эрон дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад.

Муфассал: ДОНИШГОҲИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИЗМ ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад?

АҲМАД ЗИЁ РАҲБАРИЯТИ НАҲЗАТИРО БА ТАҲЛУКА ОВАРД

Ахиран, як изҳороти ҷониби Афғонистон раҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро сахт ба таҳлука овард.  Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳузур доштани дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар ҶИА тасдиқ кард. Тибқи изҳороти вай, аз 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар мавҷуданд, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ  низ ҳастанд.

Муфассал: АҲМАД ЗИЁ РАҲБАРИЯТИ НАҲЗАТИРО БА ТАҲЛУКА ОВАРД

РАҲБАРИ РАЁСАТИ УМУМИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТИРО ДАР КИШВАРАШ ТАСДИҚ КАРД

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-го февраля феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷа террористои "Конфронси минтақаии мубориза мубориза алайҳи терроризм" узур доштанизии дои ҳузур доштанизии доиҷ узур доштанизии доиҷ Дар ин бора расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла сомонаи радиои «Озод» 19 феврали соль ҷорӣ хабар доданд. Тибқи иттилои мазкур, раҳбари мақомоти амниятии Афғонистон аз мавҷудияти с 6 по 10 азор ҷангҷӯи хориҷӣ дар инвар хабар дода, гуфтааст, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ ҳастанд.

Муфассал: РАҲБАРИ РАЁСАТИ УМУМИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТИРО ДАР КИШВАРАШ ТАСДИҚ...