МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Феврал 2021
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Ҷаласаи корӣ

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо иштироки кормандони кумитаи замин ,КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз рафти иҷрои чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, шахсони масъулро вазифадор намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуди самаранок истифода намуда, ба кабудизоркунии шаҳру деҳот, корхонаю муассисаҳо ва оқилонаю самаранок истифодабарии ҳар як қитъаи замин диққати ҳамаҷониба диҳанд.

Муфассал: Ҷаласаи корӣ

Кабудизоркунӣ дар шоҳроҳ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб мавзеи"Палангдара" дар масофаи 1,5 километр заминҳои бекорхобида зиёда аз 3000 бех ниҳолҳои арғувон ва сафедор шинонида, маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад.

Муфассал: Кабудизоркунӣ дар шоҳроҳ

Таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба 28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳру деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои низомии дар шаҳр фаъолиятдошта чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод санаи фархундаро ба ҳомиёни Ватан муборакбод намуда, дар роҳи пуршарафу боифтихор-хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу бум ба онҳо барори кору зиракии сиёсиро таманно намуд.

Муфассал: Таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон