МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Март 2021
Норак

Ғолибият-муборак!

Рӯзи 27 феврали соли 2021 дар шаҳри Бохтар даври сеюми озмуни вилоятии "Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" баргузор гардида, Тағоев Шамсулло- омӯзгори фанни технологияи иттилоотии гимназияи давлатии  №1-и шаҳри Норак дар байни иштирокчиёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соҳиби ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмун гардид.

Муфассал: Ғолибият-муборак!

Саломатии аҳолӣ дар мадди аввал

Имрӯз дар ҷаласаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак масъалаи рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 6 майи соли 2013, №190 "Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 апрели соли 2013, №95 "Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676 ""Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Файзализода Сайвалӣ оид ба рафти иҷрои қарори зикршуда маълумот дод.

Муфассал: Саломатии аҳолӣ дар мадди аввал

Қабули шаҳрвандон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳафтае ду маротиба аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ гузаронида мешавад.


Имрӯз аз тарафи раиси шаҳр 25 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шахсӣ қабул карда шуда, дархостҳои онҳо баррасӣ ва ба шахсони масъул барои иҷро ирсол карда шуд.

Муфассал: Қабули шаҳрвандон