МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2021
Норак

Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ

Рӯзи 25 июни соли 2021 дар толори Қасри фарҳанг чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҳозиронро ба ин рӯзи таърихӣ шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ,сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Муфассал: Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ

Иҷлосияи хаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум

Имрӯз бо иштироки раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи хаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид.


Аз рӯи рузномаи иҷлосия масъалахои зерин, аз қабили ҳисоботи сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Норак дар бораи вазъи пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавируси Covid-19, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба риояи дастури Маҷлиси вакилони халқ, ҳисоботи вакилии вакили ҳавзаи интихоботии N°14 Фароғатзода Насиба, дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳри Норак аз 30 марти соли 2021,N°124 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 феврали соли 2021, N°43 «Доир ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 2 октябри соли 2020, N°264 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, N°421 «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-2023 » ҳисобот доданд.

Муфассал: Иҷлосияи хаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Имрӯз 23 июни соли 2021 таҳти раисии муовини якуми раиси шаҳри Норак ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.


Азимзода Шуҳрат аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Мақсад: иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо

Имрӯз, 21 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар рафти ҷаласа раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон рӯзи 17 июни соли 2021 дар ноҳияи Данғара баён гардида, буд бо мақсади иҷрои он ба масъулини соҳаҳо дастурҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Мақсад: иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо

ТАЪЗИЯ

Роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз даргузашти бармаҳали собиқадори ҷангу меҳнат, шахсияти барҷаста
Гулов Малах сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила, дӯстону пайвандони марҳум тасаллияти амиқ арз мекунанд.

 

Гулов Малах иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва собиқадори меҳнат буда, дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак солҳои зиёд меҳнат намудааст. 

Муфассал: ТАЪЗИЯ