МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2021
Норак

Таъмири роҳҳо оғоз гардид

Тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода имрӯз аз ҷониби минтақаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгард 200 метр роҳҳои ҳудуди шаҳрро таъмир карда шуд.

 

 

Муфассал: Таъмири роҳҳо оғоз гардид

Зодрӯз муборак !

Хадамоти матбуоти раиси шаҳр ва кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродро ба муносибати рӯзи мавлуд сидқан табрику таҳният намуда тансиҳатию хонаободӣ ва баҳри пешрафту гул-гулшукуфии Тоҷикистони азизамон барору комёбиҳо орзу менамоянд.

 

 

Муфассал: Зодрӯз муборак !

Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Имрӯз мувофиқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар ҷаласа ҳисоботи котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак "Дар бораи вазъи танзими вақти холии ноболиғон дар давраи таътили тобистонаи мактаббачагон ва фарогирии кӯдакони душвортарбия аз оилаҳои ниёзманд ба лагеру истироҳатгоҳҳои тобистона дар шаҳр" шунида шуд.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба роҳбарони корхонаю муассисаҳо баҳри таъмини пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Дастуру супоришҳо дар амал

Дар доираи дастуру супоришхои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак дар қабули шаҳрвандон масъулини мақомоти иҷроия аз вазъи зисту зиндагонии муроҷиаткунандагон аз минтақаҳои гуногуни шаҳр дидан намуданд.

 

Муфассал: Дастуру супоришҳо дар амал

Душмании наҳзат дар фазои маҷозӣ

Тухми дигар ба каф орему зи навт кунем,

К-он чи киштем зи хиҷлат натавон кард дарав.

                                                                        Иқбол

 

Танҳо василае ва фазое, ки барои наҳзат боқӣ мондааст, ин майдони шабакаҳои иҷтимоист, ки касе ба гуфтаи худ ва дигарон ҷавобгӯй нест, масъулият надорад. Таҳқири дигарон ҷузъи сиёсати таблиғотии ин ҳизб гаштааст, наҳзат барномаҳои интернетӣ дуруст карда, ба иззати нафси мардум метозад, ҳарими шахсии касеро эҳтиром наменамояд.

Муфассал: Душмании наҳзат дар фазои маҷозӣ