МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2021
Норак

Душмании наҳзат дар фазои маҷозӣ

Тухми дигар ба каф орему зи навт кунем,

К-он чи киштем зи хиҷлат натавон кард дарав.

                                                                        Иқбол

 

Танҳо василае ва фазое, ки барои наҳзат боқӣ мондааст, ин майдони шабакаҳои иҷтимоист, ки касе ба гуфтаи худ ва дигарон ҷавобгӯй нест, масъулият надорад. Таҳқири дигарон ҷузъи сиёсати таблиғотии ин ҳизб гаштааст, наҳзат барномаҳои интернетӣ дуруст карда, ба иззати нафси мардум метозад, ҳарими шахсии касеро эҳтиром наменамояд.

Муфассал: Душмании наҳзат дар фазои маҷозӣ

Қабули сайёри шаҳрвандон

Санаи 3 июли соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.


12 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун бо дархост муроҷиат намуданд.


Раиси вилоят ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли арзу матлаби шаҳрвандон ба шахсони масъул дастур доданд.

Муфассал: Қабули сайёри шаҳрвандон

Сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Норак оғоз ёфт.

Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноти гуногун дидан намуданд.

 

Аёдати собиқадорони меҳнат

Санаи 3 июли соли ҷорӣ дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак  раиси вилоят Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадорони меҳнат  Маҳмадшариф Фатҳуллоев ва Музаффар Маҳмадиев омаданд.

 

 

Муфассал: Аёдати собиқадорони меҳнат