МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2021
Норак

Мақсад: омодабошии доимӣ

Рӯзи 22 июли соли 2021 тибқи фармони Сардори давлат санҷиши омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ , мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони "Марз-2021" дар маркази шаҳри Норак баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод қайд карданд, ки мақсади гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ бо шаҳрвандони дар эҳтиётбуда баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши онҳо буда, таъмин ва нигоҳ доштани реҷаи фавқулода ва ҳарбӣ, ҳимоя ва мудофиаи минтақа ва берун аз қитъа, ҳифзу мудофиаи иншоотҳои давлатӣ, иҷрои супоришҳои алоҳида, якҷоя бо дигар сохторҳои қудратии шаҳр вазифаҳои асосии мудофиаи ҳудудӣ ба шумор меравад.

Муфассал: Мақсад: омодабошии доимӣ