МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2021
Норак

Қабули шаҳрвандон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳафтае ду маротиба аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ гузаронида мешавад.


Рӯзи 7 август аз тарафи раиси шаҳр 8 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шахсӣ қабул карда шуда, дархостҳои онҳо баррасӣ ва ба шахсони масъул барои иҷро ирсол карда шуд.

Муфассал: Қабули шаҳрвандон

НОРАК СИМОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод  имрӯзҳо соҳибкорони ватандӯсти шаҳр дар назди дукону мағозаҳои худ ва роҳраву гулгаштҳо гулҳои мавсимӣ шинонда истодаанд, ки ин ба симои шаҳр ҳусни дигар мебахшад.

Муфассал: НОРАК СИМОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД

ШАҲРИ МО-ЧЕҲРАИ МО! Муроҷиатномаи раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба сокинон

Сокинони шарафманд, бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Норак!


Мо имрӯз хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ кору зиндагӣ дорем.


Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик аз ҷумла мо, сокинони шаҳри бостонии Норак масъулияти бузурги ватандориро ба дӯш гирифта, ба марҳилаи нави давлатсозиву миллатсозӣ ворид гардидем. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ватансозӣ ин масъулияте нест, ки ба ҷуз худи мо каси дигар онро ба дӯш гирад ва ё ин қарзи фарзандиро ба дигарон бовар кунем. Зеро касе ба ҷои мо хонаи моро, кӯчаи моро, шаҳри моро ва дар маҷмӯъ, Ватани моро обод намекунад. Танҳо фарзандони бонанги ҳамин сарзамин қодиранд чунин вазифаи бузургу пурифтихорро ба дӯш гиранд. Танҳо мову шумо ҳастем, ки дар канори гарми ин сарзамин ба дунё омада, ба хоку обу ҳавои он меҳр бастаем. Танҳо мову шумо ҳастем, ки мисли фарзанд дар баробари Модар-Ватани худ масъулият ва қарзи имониву виҷдонӣ эҳсос мекунем.

Муфассал: ШАҲРИ МО-ЧЕҲРАИ МО! Муроҷиатномаи раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба сокинон