МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2021
Норак

Парвариши гулмоҳӣ

Ҷаласаи муҳим баргузор гардид

Рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласа бо иштироки имомхатибони масҷидҳои шаҳр баргузор гардид.


Ҷаласаро муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оғоз намуда, оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ бахусус дар байни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, сироятёбӣ аз бемории ВНМО ва бемории нав Covid-19 суханронӣ намуданд.

Муфассал: Ҷаласаи муҳим баргузор гардид

Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар рафти ҷаласа раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва шахсони масъул оид ба рафти иҷрои корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиш ба амал оварда, баҳри боз ҳам ҷоннок бахшидани корҳои ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Ҷаласаи васеи ҳафтаина

Рӯзи 9 августи соли равон таҳти роҳбарии раиси шаҳри Норак ҷаласаи васеи ҳафтаина бо роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои супоришҳои протоколи машвартаҳои назди раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Муфассал: Ҷаласаи васеи ҳафтаина