МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2021
Норак

Баромади мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУКОФОТ МУБОРАК!

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар баробари як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, раиси шаҳри Норак низ бо медали ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

 

Муфассал: МУКОФОТ МУБОРАК!

Омодагӣ ба ҷашни миллӣ

Бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари шаҳри Норак корҳои ободонию гулшинонӣ ҳамарӯза вусъат ёфта, алҳол дар майдони марказӣ ва назди биноҳои маъмурӣ 10 000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

 

 

 

Муфассал: Омодагӣ ба ҷашни миллӣ

Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

23 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Норак ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар рафти ҷаласа ҳисоботи мудири шуъбаи маориф Ҳайдарзода Садбарг оид ба омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави таҳсил шунида шуд.


Сипас раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод баҳри омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон ба шахсони масъул дастуру супоришҳо доданд.

Муфассал: Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 19 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар рафти ҷалса муовин раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба масъалаи омодаги ба ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, баҳри бо тантана ҷашн гирифтани ин санаи таърихи ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон