МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2021
Норак

Қабули шаҳрвандон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳафтае ду маротиба аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ гузаронида мешавад.


Имрӯз аз тарафи раиси шаҳр 14 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шахсӣ қабул карда шуда, дархостҳои онҳо баррасӣ ва ба шахсони масъул барои иҷро ирсол карда шуд.

Муфассал: Қабули шаҳрвандон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарон

Рӯзи 1 октябр дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда даъвати тирамоҳӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни суханронӣ ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.

Муфассал: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарон