МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2021
Норак

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,


Бо як ҷаҳон ихлосу иродати бепоён ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаатон дар рушду шукуфоии кишвари азизамон Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олиро бо санаи фархундаи умр, таҷлили зодрўзи босаодат сидқан табрику муборакбод менамоем.

 

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад.
Гузаштам борҳо аз ҷон,ки ҷонат дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад.
Баҳорамро сипар кардам,ки эмин аз хазон бошад.

Муфассал: ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Муҳтарам собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорон ва устодони арҷманд бо арзи эҳтиром ҳамаи шуморо бо рӯзи омӯзгорон самимона шодбош менамоям!


Бешубҳа, дар тамоми давру замон мақому мартабаи омӯзгор баланд буду бузургони мо омӯзгорро «чароғи рӯзгор» номидаанд.


Илова бар ин, омӯзгорон ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он буда, роҳнамои ҳамагон ва равшангари ҷодаи илму дониш ва маърифат мебошанд.

 

Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2021

Ҳамасола мардуми равшанзамири мо бо як ихлосу дилгармӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ 5-уми октябр «Рӯзи забони давлатӣ»-ро ҷашн мегиранд.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин сана аз соли 2009 ба феҳрести ҷашнҳои кишвари соҳибистиқлоламон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади ба забони сиёсату ҳуқуқ, илму маърифат, иқтисод табдил ёфтани забони тоҷикӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, забони тоҷикӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллат мавқеи хоса пайдо кард. Он омили муҳими худшиносӣ гардид.

Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии...