МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2021
Норак

Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид!

Санаи 12 октябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид.


Кори иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашумро - раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳри Норак - Асозода Дилшод Алимурод пешбари намуданд.

Муфассал: Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид!

Вохӯрии судманд

Имрӯз, 11 октябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шахсони масъули ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзилӣ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия баргузор гардид.


Давлатназаров Имомназар - сардори шуъбаи мониторинг ва таҳсили соҳаи ҳифзи иҷтимоии Агентӣ ва Муминов Миралӣ - мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, N.271 "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат", сари вақт гирифтани кӯмакпулиҳо, бо аҳолии деҳот баргузор намудани вохӯриҳо оид ба огоҳӣ аз кӯмакҳои иҷтимоӣ маълумот доданд.

Муфассал: Вохӯрии судманд