МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2021
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика, Ҳамдиёрони гиромӣ!


Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ эътироф гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи якуми стратегии миллӣ эълон гардид.


Бешубҳа, дар ҷаҳони муосир ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлоляти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намудааст.

 

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи...

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Имрӯз, 21 декабри соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарҷамъона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.


Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Муфассал: Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...

Ташрифи меҳмонон ба шаҳри Нурофар

Имрӯз, раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо намояндагони Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Петров Дмитрий Игоревич — котиби якуми сафир, Нечаев Святослав Василевич— котиби якуми шуъбаи Консулии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рошина Тамара Георгиевна - муовини сардори намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.


Бояд қайд кард, ки бо дастгирии сафорати Россия муассисаҳои таълимии шаҳр китобҳои тозанашри дарсӣ дар таъмин карда мешаванд.

Муфассал: Ташрифи меҳмонон ба шаҳри Нурофар

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати 61-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Норак

Ҳамдиёрони гиромӣ !

Шаҳри Норак, шаҳре, ки як замон шуҳратёри ҷаҳону як шиносномаи Тоҷикистон буд, 61 сола шуд.
Бинобар ин тамоми сокинони шаҳри овозадори Норакро ба муносибати 61- солагии таъсисёбии шаҳри Норак самимона табрику таҳният намуда, ба ҳамагон тансиҳатӣ, хонаободию сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳо муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

 

Норак-шаҳри энергетикҳои тоҷик дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби ҷовидонаи «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ишора меравад, ки 9-7 ҳазор сол муқаддам, яъне замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурдаанд. Теъдоди калони бозёфтҳои ҳафриётӣ, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, мавриди омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати 61-умин солгарди таъсисёбии...

Идомаи вохӯриҳо

Тибқи нақшаи тасдиқ намудаи раиси шаҳр имрӯз гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо кормандони НБО-и Бойғозӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.


Муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан вохӯриро ифтитоҳ намуда, оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пӯшидани сару либоси ба мардуми мо хос набуда, ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ бахусус дар байни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, сироятёбӣ аз бемории ВНМО ва бемории нави Covid-19 суханронӣ намуданд.

Муфассал: Идомаи вохӯриҳо