МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2022
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Соли нави мелодии 2022

Ҳамдиёрони гиромӣ!

 

Соли Нав яке аз идҳои қадимтарини дунё буда, таърихи зиёда аз 5-ҳазорсола дорад ва ҳар як давлат онро ба таври худ ва дар санаҳои гуногун ҷашн мегирад.


Урфу одатҳои солинавӣ чун анъана дар ҳар як оила чанд рӯз пеш аз ид сар шуда, одамон онро бо оро додани хонаву айвон ва оростани мизи идона, бо шодиву хурсандӣ истиқбол мегиранд.


Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба фарорасии Соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Соли нави...