МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2022
Норак

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ

Рӯзи 11 апрели соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи ҷамъбастӣ се моҳи соли равон бо иштироки намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ва раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам баргузор гардид.


Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр Азимзода Шуҳрат оид ба ҷамъбасти рушди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 3 моҳи соли 2022 ҳисобот доданд.
Баъд аз ҳисобот раиси шаҳр аз раҳбарони корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур доданд.

 

Муфассал: Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ

Ғолибияти навбатӣ

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ғолибони  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини Ҷудо барои ишғол намудани ҷойи дуюм  Дӯстов Шоҳиддин Рустамович ва Раҳматов Муҳаммад Қувватович барои ишғол намудани ҷойи якум дар  мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштин Ҷудо табрик намуда , ҷавонпаҳлавононро бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Муфассал: Ғолибияти навбатӣ

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ

Санаи 6 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар озмун 2 нафар довталаб барои ишғоли  мансабҳои холӣ маъмурии хизмати давлатӣ иштирок намуда, аз ин шумора 1 нафар барои ишғоли мансаби мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси шаҳр тавсия дода шуд. Ҳамзамон, 4 нафар хизматчиёни давлатӣ аз  аттестатсияи навбати гузаронида шуданд.

Муфассал: Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ

Вохӯрии раиси Суди Олӣ бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Пули Сангин

Санаи 1 апрели соли равон вохӯрии намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ва раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Пули Сангин баргузор гардид.


Вохӯриро муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами руз аз ҷумла вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини саривақтии кишти баҳорӣ, беталаф ҷамъоварӣ зироатҳои пухтарасида, гузаронида кишти такрорӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила захираи накам аз 2 сола маводи озуқаворӣ дар ҳар як оила суханронӣ намуданд.

Муфассал: Вохӯрии раиси Суди Олӣ бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Пули Сангин

Вохӯрии раиси Суди Олӣ бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Дӯконӣ

Санаи 1 апрели соли равон вохӯрии намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ва раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Дӯконӣ баргузор гардид.


Вохӯриро муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами руз аз ҷумла вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини саривақтии кишти баҳорӣ, беталаф ҷамъоварӣ зироатҳои пухтарасида, гузаронида кишти такрорӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила захираи накам аз 2 сола маводи озуқаворӣ дар ҳар як оила суханронӣ намуданд.

Муфассал: Вохӯрии раиси Суди Олӣ бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Дӯконӣ