Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ
- Нашр шуд: 06.04.2022 20:09
Санаи 6 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар озмун 2 нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холӣ маъмурии хизмати давлатӣ иштирок намуда, аз ин шумора 1 нафар барои ишғоли мансаби мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр тавсия дода шуд. Ҳамзамон, 4 нафар хизматчиёни давлатӣ аз аттестатсияи навбати гузаронида шуданд.