Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ
- Нашр шуд: 13.04.2022 11:42
Рӯзи 11 апрели соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи ҷамъбастӣ се моҳи соли равон бо иштироки намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ва раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр Азимзода Шуҳрат оид ба ҷамъбасти рушди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 3 моҳи соли 2022 ҳисобот доданд.
Баъд аз ҳисобот раиси шаҳр аз раҳбарони корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур доданд.