МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2022
Норак

Хабари Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки 31-уми майи соли 2022, соати 09:30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, ки аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд.

Муфассал: Хабари Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон

Сообщение пресс-центра МВД РТ по итогам антитеррористической операции в Рушанском районе

Пресс-центр МВД Республики Таджикистан сообщает, что 31 мая 2022 года, в 09:30 часов в результате проведения антитеррористической операции в высокогорьях селения Дерзуд Рушанского района, вследствие оказания вооруженного сопротивления были нейтрализованы члены организованной преступной и террористической группы Гуломхайдаров Ёдгор Мамадбекович, 1974 года рождения, житель селения Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, 1976 года рождения, житель селения Вамар, Мавлододов Хабиб Феткаевич, 1987 года рождения, житель села Дерзуд, Шехбуров Джангибек Душанбиевич, 1992 года рождения, житель села Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, 1969 года рождения, житель села Вамар, которые с 18 мая текущего года находились в официальном розыске.

Муфассал: Сообщение пресс-центра МВД РТ по итогам антитеррористической операции в Рушанском районе

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Имрӯз, 24 майи соли ҷорӣ чорабинии тантанавии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар рафти чорабинӣ раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ намуда ҷавононро табрик намуд. Зимни суханронӣ раиси шаҳр ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат мебошад. Ҳамчунин раиси шаҳр ҳангоми суханорнӣ бо хитоб ба ҷавонон таъкид намуд, ки ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Муфассал: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Изҳороти Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хобар доданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид.

Заявление пресс-центра Управления Министерства внутренних дел по ГБАО

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /НИАТ «Ховар»/. Сегодня, в 17:30 часов в махалле Хороги боло города Хорога в результате внутренних разборок криминальных групп был убит главарь организованной преступной группы махалли Бархоруг Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Пресс-центре Управления Министерства внутренних дел по ГБАО.

По данному факту Прокуратурой области проводится предварительное расследование.