МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2022
Норак

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Имрӯз, 24 майи соли ҷорӣ чорабинии тантанавии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар рафти чорабинӣ раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ намуда ҷавононро табрик намуд. Зимни суханронӣ раиси шаҳр ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат мебошад. Ҳамчунин раиси шаҳр ҳангоми суханорнӣ бо хитоб ба ҷавонон таъкид намуд, ки ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Муфассал: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН