Паёми шодбоши раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ
- Нашр шуд: 26.06.2022 17:15
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро бо шукргузориву қаноатмандӣ аз рўзгори обод ва амнияту осудагӣ таҷлил менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмон шуморо ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳимму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, рўзгори пурсаодат ва комёбиву иқболи нек орзу менамоям.
Қобили қайд аст, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлолият дар натиҷаи фитнаву дасисаҳои неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.
Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.
Муфассал: Паёми шодбоши раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ