Машварати корӣ
- Нашр шуд: 01.06.2022 13:02
Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Азимзода Шуҳрат машварат дар бораи муаррифӣ ва гузаронидани мониторинги барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Дар машварат намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Холов Умед, Раҳмонов Зикрулло ва ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар солҳои 2021-2025 иштирок доштанд.