ҒОЛИБИЯТИ БЕҲТАРИН ЗАН-ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ШАҲРИ НОРАК ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН"
- Нашр шуд: 02.12.2023 01:44
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими мукофотонии ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор шуд.
Дар ин озмун Солиҳова Нигора - мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030" аз 30-юми ноябр то 1 декабр давом кард.
МУБОРАК БОШАД!
![]() |
![]() |
![]() |