МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2023
Норак

НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ МИЛЛАТӢ ТОҶИК

Бе надонистани таърихи миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруфанд ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодаанд. Фарзандони фарзонаи бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад.
 
Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мӯътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ, аз зумраи абармардони бо нангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навишани шоҳасари гаронбаҳо – «Тоҷикон» миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муаррифӣ менамояд.
 

Муфассал: НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ МИЛЛАТӢ ТОҶИК

ҲАЁТ-БЕ ЗӮРОВАРӢ ГУВОРОСТ БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Норак санаи 4 декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Шулашова Ҳабиба, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак- Саидмуродзода Сарвиноз ва занону бонувони корхонаю муассисаҳои шаҳр ҳамоиш таҳти унвони «Ҳаёт-бе зуроварӣ гуворост» баргузор гардид.
 
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Норак Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо қарори Раиси шаҳри Норак аз 23 июни соли 2014, №242 тасдиқ гардидааст, доир шудааст.
 

Муфассал: ҲАЁТ-БЕ ЗӮРОВАРӢ ГУВОРОСТ БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР ШАҲРИ НОРАК

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак Саидмуродзода Сарвиноз, ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и маҳаллаи Энергетикии шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.