МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2023
Норак

БОЛОРАВИИ МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТОҶИКИСТОН.

Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ин бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
 
Бунёди давлати иҷтимоӣ ба ҳар фарди ҷомеа муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ баробарҳуқуқии ҳар як аъзои ҷамъиятро тақозо менамояд. Маҳз дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ гардидани баробарҳуқуқии тамоми одамон сарфи назар аз миллат, нажод ва ҷинс бобати амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат мусоидат менамояд. Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, 27 декабри соли 1993 Конвенсияҳои байналмилалии «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» ва «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»- ро эътироф ва тасдиқ кард.
 

Муфассал: БОЛОРАВИИ МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТОҶИКИСТОН.

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.