МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2023
Норак

БАРГУЗОРИИ ШУРОҲОИ СОҲАИ МАОРИФ

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шурои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Шурои вилоятии байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои “Саломатӣ ва ғизо дар давраи то соли 2027” » дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баргузор гардид.
Дар Шуро муовини раиси шаҳр-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг ва дигар аъзоён иштирок намуданд.
 
Дар рафти Шурои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Шӯрои вилоятии байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои “Саломатӣ ва ғизо дар давраи то соли 2027”» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 2 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 

ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК - ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛИАНД!

Либос ва либоспӯшӣ - ҷузъи фарҳанги ҳар миллат буда, шаҳрвандон онро бо мақсади ҳифзу ҳимояи бадан аз таъсири манфии муҳити атроф,инчунин ба хотири зебопарастӣ ва муаррифии намудани зоҳирии хеш ба бар мекунанд.Либос таассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муаяйн намуда,мақому манзалати иҷтимоии ӯро равшан мегардонад.Дар баробари ин либос як рукни фарҳанги миллӣ буда,дар он афкори рангини мардум ифода меёбад ва ҳар нақшу нигори он мазмуни миллӣ дошта,дар он орзую омол ва пиндорҳои одамон ифода мегардонад.
 
Либосҳо мувофиқи диди миллӣ дӯзонида шуда,дар онҳо арзишҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд.Мутаасифона дар бисёр мавридҳо дар либоспӯшии духтарону занони мо ин чизҳо ба назар намерасад.Тарзи либоспӯши ҷузъи фарҳангии халқ ба ҳисоб рафта,риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиди ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд.
 

Муфассал: ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК - ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛИАНД!