МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2023
Норак

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, намояндаи шубаи маорифи шаҳр- Солиҳова Зайнаб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и деҳаи Кибил Ҷамоати деҳоти Пули Сангин шаҳри Норак бо хонандагони сину соли ва 14-16, 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 
Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.
 

Мулоқот бо бонувони фаъоли шаҳри Норак судманду омӯзанда аст

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода бо бонувони фаъоли касбу кори гуногуни шаҳр, собиқадорони меҳнат, хосса бо бонувони заҳматкаши НБО «Норак», ки барои фурӯзонӣ ва пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда доранд, мулоқот намуда, дар ин росто, суҳбати гарму судманде анҷом дод.
 
Зимни мулоқот Шоҳона Одиназода оид ба саҳми назарраси бонувони шаҳри Норак дар эҳё ва нигаҳдории анъанаҳои миллӣ, расму оинҳои ниёгон, саҳми беандозаи бонувони барқчии НБО «Норак» дар рушду пешрафти кишвар, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ободу зебо гардонидани манзилҳои зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона, бахусус ба бар кардани либосҳои миллӣ аз ҷониби занону духтарон ва тарғиби фарҳангу асолати миллӣ ибрози андеша намуд.
 

Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба Рўзи касбии кормандони энергетикаи тоҷик

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
 
Соҳаи энергетикаи кишвар омили асосии устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, дар ташаккул ва рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат нақши асосї дорад. Бинобар ин, соҳа мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад.
 
Санаи 22 декабр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаи кишвар таҷлил мегардад.
 
Барои саҳми арзанда гузоштан, дар рушду нумӯи мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, ҳар яки шумо кормандони соҳаро бо иди касбиатон табрику муборакбод намуда, барори кору орзуҳои нек, тансиҳатию хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.
 

Муфассал: Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба Рўзи касбии кормандони...