Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
Нашр шуд: 22.02.2021 09:09
Собиқадорони муҳтарам! Афсарону аскарони гиромӣ!
Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи устувор, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо ба тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти хосса зоҳир намуда, ҳамасола санаи 23 феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Ба ин муносибат кулли мардуми сарбаланди диёрамонро самимона табрику таҳният мегӯям.
Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд.
Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи...