МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Январ 2021
Норак

Ватанро аз дили ҷон дӯст дорам

Як тан аз ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикаму Тоҷикистон Ватани аҷдодии ман аст.


Шукри соҳибистиқлолии кишварам мекунам, зеро дар ин давраи кӯтоҳ Ватани азизам симои худро куллан дигар намуда,садҳо иншоотҳои саноатӣ, иҷтимоӣ, нақбу роҳҳои мошингард бунёд гардида, барои мо ҷавонон даҳҳо донишгоҳу коллеҷу муассисаҳои ибтидоии касбӣ таъсис дода шуд.

Муфассал: Ватанро аз дили ҷон дӯст дорам

Иҷлосия сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид!

Санаи 29 сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид.


Кори иҷлоси сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашумро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, раиси шаҳр-Неъматзода Маликшо Маҳмадшо пешбарӣ намуданд. 

Муфассал: Иҷлосия сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид!

Боздид аз рафти таҷдиди бино

Комиссияи кории қабули иншоотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз бинои маъмурии муассисаи давлатии обҳои нӯшокӣ, ки мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор дода шудааст, дидан намуданд.


Бояд қайд кард, ки таҷдиду азнавсозӣ дар доираи лоиҳаи " Таҷдиди обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ"-и шаҳри Норак аз ҳисоби маблағҳои БАТР (Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд) амалӣ гашта истодааст.

Муфассал: Боздид аз рафти таҷдиди бино

Омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ

Санаи 22 сентябри соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи гуруҳи корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани мониторинги иҷрои саривақтии иҷрои зербанди 3.25-и нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 №199 "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти чумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" гузаронида шуд.

Муфассал: Омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ

Ҳамоиши ду насли муҳофизони Ватан дар шаҳри Норак

Рӯзи 19 сентябри соли 2020 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии шаҳр ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҳамоиш зери унвони "Хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонии мост" баргузор гардид.


Дар ҳамоиш 50 нафар даъватшаванда, ки ихтиёран барои ба хизмати аскарӣ рафтан омодагӣ изҳор кардаанд, ҷанговарони башардӯст, падару модарон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 иштирок намуданд.

 

Муфассал: Ҳамоиши ду насли муҳофизони Ватан дар шаҳри Норак