Қадрдонии қаҳрамон
- Нашр шуд: 23.11.2020 10:11
Рӯзи 23 ноябри соли 2020 раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафта, вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах шинос гардид.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта ,ба истифодаи онҳо супорида шуд.
Раиси шаҳр барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағҳои пулӣ супорид.
Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Нашр шуд: 23.11.2020 07:56
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ, ки боиси ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат аст, таҷлил мегардад.
Ҳамаи Шуморо бо ин иди фархунда- Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.
Парчами миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.