МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Январ 2021
Норак

Ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар шаҳри Норак

Бахшида ба ҷашни 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 2020 дар шаҳри Норак ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ картошка, пиёз, сабзӣ, бодиринг, помидор, тарбуз, харбӯза баргузор гардид.


Бояд гуфт, ки нархи маҳсулоти ба фурӯш бароварда шуда нисбат ба нархҳои бозори шаҳр арзон пешкаши сокинон гардидааст.

Муфассал: Ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар шаҳри Норак

Дар Норак се иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Бахшида  ба  29-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шаҳри Норак  3 иншооти  ҷашнӣ аз ҷумла   хобгоҳи коргарӣ барои  280 нафар  аз ҷониби  ширкати  Тоҷик-СТЭМ  гидромантаж,  5 синфхонаи  иловагӣ  дар  назди  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии  рақами  2-и маҳаллаи  Лангар ва  бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи дурдасти Навдеи  Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ мавриди  истифода ва баҳрабардори қарор гирифтанд.

Муфассал: Дар Норак се иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

 

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

 

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Муфассал: ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии...

СУВЕРЕНИТЕТ ТАДЖИКИСТАНА И ЛИДЕР НАЦИИ. Премьера нового раздела НИАТ «Ховар», посвященного 30-летию Государственной независимости Республики Таджикистан

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /НИАТ «Ховар»/.  В преддверии 29-летия главного праздника нашей страны Национальное информационное агентство «Ховар» запускает новый раздел под названием «Суверенитет Таджикистана и Лидер нации», который посвящается 30-летию Государственной независимости Республики Таджикистан.

Муфассал: СУВЕРЕНИТЕТ ТАДЖИКИСТАНА И ЛИДЕР НАЦИИ. Премьера нового раздела НИАТ «Ховар», посвященного...

Ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ доир гардид

Имрӯз 8 сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти роҳбарии сардори Ситоди шаҳрӣ муовини якуми раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод оид ба ҳамоҳангсозии корҳо барои фаъолияти мумтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 баргузор гардид.

 

Дар рафти баргузории ситоди шаҳрӣ котиби ситод мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи шаҳр Султонов Идибек оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 11 майи соли 2020 таҳти рақами- 176 "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мумтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" баромад намуд.

Муфассал: Ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ доир гардид