МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Январ 2021
Норак

Оғози соли таҳсил

Рӯзи  17 августи соли 2020 раиси шаҳр Неъматзода  Маликшо Маҳмадшо аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 дидан намуда, ба шароитҳои таҳсили хонандагон шинос гардида, изҳори қаноатмандӣ намуд.

 

Неъматзода  Маликшо Маҳмадшо хонандагону омӯзгоронро бо оғози соли таҳсил табрик намуда, ба   якчанд омӯзгорону хонандагон ифтихорнома  ва  туҳфаҳо  супорид.

Муфассал: Оғози соли таҳсил

Дар шаҳри Норак даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид

Санаи 15 августи соли 2020 бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври шаҳрии озмуни Ҷумҳуриявии "Тоҷикистон -Ватани азизи ман" дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур аъзоёни ҳакамон аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва инчунин муовини раиси шаҳр ширкат варзиданд. Аз рӯи ду номинатсия 21 нафар довталабон дар жанрҳои анъанавӣ, эстради ва академи ҳунарнамои намуданд, ки из ин шумора 15 нафар довталаб ба даври вилояти бо баҳогузории ҳайати ҳакамон роҳхат ёфтанд.

Муфассал: Дар шаҳри Норак даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид

Ба соҳаи маориф афзалияти бештар мебояд

Раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар конференсияи августии омӯзгорон, ки дар толори Қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардид, иштирок намуда, омӯзгоронро ба оғози таҳсил шодбош гуфта, барои фаъолияти омӯзгориашон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Дар охир ба якқатор омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо  супорида шуд.

Муфассал: Ба соҳаи маориф афзалияти бештар мебояд

Омӯзиши дастурамали коргузорӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 12 августи соли 2020 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид.

 

Муфассал: Омӯзиши дастурамали коргузорӣ

Омодагиҳо ба интихобот

Имрӯз 11 августи соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ Қодиров Некрӯз - коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ализода Шодмон Шамс- раиси коллегия оид ба парвандаҳои оилавии  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амирзода Аловиддин- мудири бахши ҷавонони Раёсати ҷавонони вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Муфассал: Омодагиҳо ба интихобот