МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Январ 2021
Норак

Дарки масъулиятшиносӣ мебояд

Раиси шаҳри  Норак Неъматзода  Маликшо   Маҳмадшо  рӯзи  16 майи  соли  ҷорӣ  аз  фаъолияти  Маркази  саломатии   Ҷамоати  деҳоти  Дӯконӣ  дидан  намуда,  бо  табибону  кормандони  марказ  вохӯрд.

Зимни  мулоқот  аз  таъмини  марказ  бо  сару  либоси  муҳофизатӣ, маводҳои  доруворӣ  ва  безараргардонӣ  огоҳ  гардида,  ба  вазъи  саломатии   сокинони  ҷамоат  вобаста ба  паҳншавии   сирояти  коронавирус   шинос   гардид.

Муфассал: Дарки масъулиятшиносӣ мебояд

Мақсад: таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза

Рӯзи  16  майи   соли  2020  раиси  шаҳри  Норак  Неъматзода  Маликшо Маҳмадшо  дар  доираи  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  аз   хоҷагиҳои  деҳқонии ҳудуди   Ҷамоати  деҳоти   Дӯконӣ  дидан  намуда,  масъалаҳои  истифодаи  оқилонаву  мақсадноки  ҳар  як  ваҷаб  замини  корам,  таъмини  амнияти  озуқаворӣ  ва  захираи  дусолаи  маводи  хӯрокаро бо кишоварзон  баррасӣ  намуд.

Муфассал: Мақсад: таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза

Дастгирии табибон дар мадди аввал

Рӯзи  13  майи  соли  2020  таҳти  раёсати раиси  шаҳри  Норак Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  ситоди  шаҳрӣ  оид  ба  пурзӯр  намудани  чораҳои, зиддиэпидемикӣ  барои  пешгирии  интиқол  ва  пайдоиши  сирояти  нави  коронавирус  баргузор  гардид.  Ба  масъалаи бе зарурат  аз  манзили   истиқоматӣ   набаромадани  аҳолӣ,   бахусус  ҷавонон, назорати ҷиддии волидон оид ба кӯча бе ниқоб баромадани фарзандон, тақвияти ҳаракати волонтёрӣ барои расонидани кӯмак ба беморон ва шахсони камбизоат   баррасӣ  ва  чораҷӯӣ  карда  шуд. 

Муфассал: Дастгирии табибон дар мадди аввал

Дасти сахо кам намешавад

Рӯзи  10  майи  соли  2020  раиси   шаҳри  Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  аз  иқдомҳои  саховатмандони  соҳибкорони  маҳаллӣ  Муҳидов  Абдурасул,  Азимов Хӯҷамурод, Табаров  Муҳиддин,  Раҳимов  Ҷамшед, Сангов  Аҳлиддин, Табаров  Хуршед, соҳибкори  ватанӣ Шамсулло  Соҳибов бо  мақсади  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон оид  ба  пурзӯр   намудани   чораҳои  пешгирии  паҳн  гардидани  сирояти  коронавирус  дар  ҷумҳурӣ  изҳори   қаноатмандӣ  намуда...

Муфассал: Дасти сахо кам намешавад

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ

Рӯзи  8  майи  соли  ҷорӣ  раиси  шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  бахшида ба  75-солагии  Ғалаба ба  хотираи шаҳидони Ҷанги  Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар  пояи  лавҳаи ёдгории Аскари  номаълум гулчанбарг  гузошт.

 

Худи  ҳамон рӯз  ба  хонаи  иштирокчии Ҷанги  Бузурги Ватанӣ Гулов  Малах  ташриф оварда, туҳфаи мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳрро  супорида,  ӯро  ба Рӯзи Ғалаба шодбош  гуфт. Комиссари ҳарбии шаҳр ба Гулов Малах медали 75-солагӣ Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро супорида, ба ӯ тансиҳатӣ орзу намуд.

Муфассал: Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ