Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022
- Нашр шуд: 21.03.2022 19:12
Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони шаҳрамон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгорро орзу менамоям.