Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар
- Нашр шуд: 09.03.2022 07:46
4 марти соли 2022 дар Қасри фарҳанг ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.
Таъкид карда шуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерӯбахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон, дили пурмеҳр дорад, ки чу офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.