МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Баргузории семинар

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар доираи Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои  2015-2020» семинари омӯзишӣ доир намуд, ки дар он Шӯрои занон ва  зиёда аз 60 нафар занони фаъоли корхонаю муассисаҳои шаҳр иштирок доштанд.

 

Муфассал: Баргузории семинар

Аксия таҳти унвони "Оилаатонро эҳтиёт намоед"

Давоми ҳафта аз 23 то 26 декабри соли 2019 ҷиҳати амалишавии "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023" бахшида ба "16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила" дар кучаю бозорҳои шаҳри Норак аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Аксия таҳти унвони "Оилаатонро эҳтиёт намоед" гузаронида шуда, маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

 

 

 

Муфассал: Аксия таҳти унвони "Оилаатонро эҳтиёт намоед"

Вохӯриҳои судманд дар қаламрави шаҳр

Суҳбату вохӯриҳои масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз бемориҳои ВНМО, нашъамандӣ, сил, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, ҷиноятсодиркунӣ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳолатҳои савдои одамон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрам бо сокинони кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр идома доранд.

 

Муфассал: Вохӯриҳои судманд дар қаламрави шаҳр

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика санаи 20 декабри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Муфассал: Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Конференсияи ҳизбӣ

Санаи 10 декабри соли 2019 дар толори китобхонаи марказии ба номи “Дўстии халқҳо”-и шаҳр бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ конференсия бо иштироки зиёда аз 100 нафар фаъолони ҳизб, собиқадорон, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» доир гардид.

Муфассал: Конференсияи ҳизбӣ