МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Худшиносӣ мароми мост

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо вохӯрӣ бо раисони деҳаҳо, кӯчаю хонаҳои истиқоматӣ, ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзилӣ, ходимони дин, фаъолони шаҳр оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷгардида баргузор гардид.

Муфассал: Худшиносӣ мароми мост

Номзади беҳтарин

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум пешбарии  номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, номзадии Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович –директори НБО-и Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев аз ҷониби вакилон дастгирӣ гардид.

 

Муфассал: Номзади беҳтарин

Ваколатҳои вакилон тасдиқ гардид!

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардида, дар асоси ахбори раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ваколати 40 нафар вакилон тасдиқ  карда шуд.

 

Муфассал: Ваколатҳои вакилон тасдиқ гардид!

Адибон дар Норак

Рӯзи 15 марти соли 2020 дар доираи чорабиниҳои байни давлатӣ гурӯҳи адибон аз Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Норак ташриф оварданд. Меҳмононро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикисон Низом Қосим ва дигар шоирону нависандагон ҳамроҳӣ намуданд.

 

 

Муфассал: Адибон дар Норак

Ба аҳли маърифат тавфиқ мехоҳам!

Шуъбаи  соядастҳои  китобхонаи  марказии  ба номи  «Дӯстии халқҳо»-и  шаҳри   Норак  дорои  25735  нусха  китобҳои шоирону нависандагон,  арбобони  сиёсии  ҷаҳон мебошад,   ки муаллифон  бо  соядаст  ба  китобхона  тақдим  намудаанд. Ин  иқдом  аз  соли  1984  шуруъ  гардида,  то  имрӯз  давом  дорад.

Боиси  қайд  аст, ки   дар  шуъба китобҳои  шоирону нависандагон, ходимони  сиёсии  15  ҷумҳуриҳои  собиқ  Иттиҳоди Шуравӣ  низ  маҳфуз  мебошад.

Муфассал: Ба аҳли маърифат тавфиқ мехоҳам!