МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Вохуриҳои гуруҳи корӣ бо мардуми шаҳр

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба ҳодисаи шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба амал омада, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиракии сиёсӣ, ҳимоя бар ҳифзи амният дар кишвар, хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, кӯмак намудан ба оилаҳои ниёзманд гуруҳи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ташкил гардида, дар ҳудуди шаҳри Норак вохӯриҳои судманд ба анҷом расонида шуд.

 

Муфассал: Вохуриҳои гуруҳи корӣ бо мардуми шаҳр

Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр.

Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр.
Зуд бошад, сари хеш чу гирдоб хурад.


Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ, ҳамчун давлати пешрафта, озод ва сулҳҷӯ дар миқёси давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ҳамчун нигин пайваста ҷилвагар аст.

Муфассал: Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр.

Чаро САҲА террористону экстремистонро дастгирӣ мекунад

Пас аз ошкор шудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористию эктремистӣ роҳбарияти ин ҳизб  ба хориҷ аз кишвар фирор намуда дар кишварҳои аврупоӣ бо қавли хеш ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳаракатҳои худро идома додаистдаанд. Пас аз номуваффақиятҳои зиёдашон дар роҳи ташкил намудани ким кадом иттиҳоди неруҳои созанда эълон намуданд, ки эъломия қабул карда, Паймони миллӣ  ташкил намоянд.

 

 

 

Муфассал: Чаро САҲА террористону экстремистонро дастгирӣ мекунад

Иштироки намояндагони ПАЙМОНИ ШАЙТОНӢ дар САҲА ғайриконунӣ аст

Замони муосир бо паҳлуҳои мураккаб, равандҳои истеъмолгарона, ки хоси кишварҳои абарқудрат мебошанд, баъзе аз мамолики Шарқи наздик, араб ва осиёро ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир  мувоҷеҳ сохт. Вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳонӣ имрўз  бо  оташафрўзии ҷангҳои динию мазҳабӣ печидатар гардид. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гуруҳҳои ифротие рўи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд ва ба амнияти қариб тамоми мамлакатҳои рўи дунё хатари ҷаҳонӣ таҳдид намуда истодаанд.

  

Муфассал: Иштироки намояндагони ПАЙМОНИ ШАЙТОНӢ дар САҲА ғайриконунӣ аст

Душманону хоинони Ватан сазовори лаънати мардуманд

Тавре таҳлили ҳодисаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ТТЭ ҲНИ тӯли фаъолияти худ новобаста аз оне, ки ба сари мардум чӣ балоҳоеро овардааст, аз ин кирдорҳои нангинаш на танҳо изҳори пушаймонӣ накард, балки он ҷиноятҳои содиркардаи худро мояи ифтихору сарбаландӣ меҳисобаду пайваста ҷавонони роҳгумзадаро ба гирди худ ҷамъ мекарду дар замирашон тухми нифоқу кина нисбати имрӯзу ояндаи давлату миллат мекошт. Аз ҷумла ҷанги бемаънии солҳои 90 –ум низ бо хунрезию бесару сомонӣ, вайронкориву валангоркунӣ аз дасти наҳзатиҳо ва ҳаминҳо барин ношукрону душманони дохилӣ ибтидо гирифта буд.

Муфассал: Душманону хоинони Ватан сазовори лаънати мардуманд