Табрикоти раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи энергетика
-
Нашр шуд: 22.12.2020 05:44
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика, ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ эътироф гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи якуми стратегии миллӣ эълон гардид.
Дар ҳақиқат, аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Шумо - кормандону мутахассисони неругоҳҳои барқи обии Нораку Бойғозӣ, шабакаҳои барқии шаҳр имрӯз манзили мардуми Тоҷикистон пур аз нуру зиё, муассисаҳои таълимию табобатӣ ва фарҳангӣ бо равшанию гармӣ таъмин буда, садҳо коргоҳҳу корхонаҳои саноатии диёр ба манфиати халқу кишвар фаъолият намуда истодаанд. Аз кори шумо тараққиёт ва пешрафти иқтисодии ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолӣ вобастагӣ дошта,таъмини рушноӣ дар кишвар – ин хизмати шумо-энергетикҳо мебошад.
Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи кормандони...