Фарҳанг
Соҳаи фарҳанг дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум дар ташаккули арзишҳои милливу фарҳангӣ ба шумор рафта, кормандони бахш дар баргузории тамоми чорабиниҳо саҳми назаррас дорад.
Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар кӯчаи Калижнюк-8 ҷойгир буда, масоҳати умумиш 522,8 м2 мебошад.
Тибқи нишододи оморӣ дар шаҳр 27 адад муассисаҳои фарҳангӣ ба таври мутамарказонидашуда кору фаъолият доранд. Аз ин шумора 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад клуби Сайёр, 6 адад клубҳои деҳотӣ, 1 адад китобхонаи марказӣ, 6 адад китобхонаи шаҳрӣ, 2 адад китобхонаи бачагона, 7 адад китобхонаҳои деҳотӣ, 1 адад мактаби санъати бачагона, 1 адад, Боғи фарҳангу фароғатӣ, 1 адад осорхонаи ба номи «Дӯстии халќқҳо»-и шаҳри Норак.
Дар муассисаҳои тобеияти бахши фарҳанги шаҳр айни замон 165 нафар корманд кору фаъолият менамояд. Аз ҷумла 111 нафар занон ва 54 нафар мард.
Қасри фарҳанг дар мувозинаи бахши фарҳанг дар кӯчаи Калижнюк-8 ҷойгир буда, аз соли 1973 фаъолияти худро оғоз намудааст. Ҳолати бино хуб буда, толори калони маҷлисӣ бо 550 ҷойи нишаст, толори ороишӣ, утоқи либоснигоҳдорӣ, утоқҳои маҳфилҳои рассомӣ, рақснигорӣ, навозандагӣ, фаъолият доранд.
Клубу китобхонаи маҳаллаи Энергетик дар кӯчаи Айнӣ ҷойгир буда, фаъолияти кориашро аз соли 1970 оғоз намуда, соли 2015 аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 64,0000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Хонаи фарҳанги Кибил дар деҳаи Кибили Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ҷойгир буда, аз соли 1970 фаолияти кориашро оғоз намуда, дорои 62 ҷойи нишаст мебошад.
Клуби деҳаи Хучалонӣ дар Ҷамоати деҳотӣ Дӯконӣ дар бинои ҷамоат ҷойгир буда, фаъолияти кори худро аз соли 1970 оғоз намудааст.
Клуби маҳаллаи Тутқавул дар бинои муассисаи таълимии №4-и ҷамоати деҳоти Пули Сангин ҷойгир буда, соли 1994 ба фаъолият оғоз намуда, дорои 28 ҷойи нишаст мебошад.
Клуби маҳаллаи Чашма дар саҳни бинои муассисаи таълимии №10 ҷойгир буда, 35 ҷойи нишаст дорад. Соли 1970 ба фаъолият шуруъ намудааст.
Клуби маҳаллаи Дуконӣ дар бинои ҷамоати деҳоти Дуконӣ ҷойгир буда, соли 1970 ба фаъолият шуруъ намудааст. Китобхонаи марказии шаҳри Норак аз соли 1984 таъсис ёфта, дар мувозинаи бахши фарҳанг дар ҳудуди Боғи марказӣ кӯчаи 50-солагии шаҳри Норак қарор дорад. Масоҳати бино 1699,2 м2-ро ташкил медиҳад.
Номгӯи муассисаҳои фарҳангӣ | Воҳ. ченак | Соли 2017 |
Қасри фарҳанг | адад | 1 |
Миқдори ҷой | ҷой | 559 |
Клубҳо | адад | 7 |
Китобхона | адад | 16 |
Фонди китоб | нусха | 183586 |
Мактаби санъат | адад | 1 |
Осорхона | адад | 1 |
Шумораҳои нигораҳо дар осорхона | адад | 47787 |
Мактаби санъати бачагона аз соли фаъолияти кориашро аз соли 1964 оғоз намуда, муввақатан дар собиқ бинои ҶСШК «Нораки босоз» ҷойгир мебошад.
Шумораи хонандагон 213 нафар
-аз љумла писарон 116 нафар
-духтарон 97 нафар
-шуъбаи созњои миллї 59 нафар
-шуъбаи созњои оркестрї 28 нафар
-дар синфи раќснигорї 25 нафар
— дар синфи фортепиано 28 нафар
— дар синфи санъати тасвирї 65 нафар
— дар синфи баян-аккорден 7 нафар
-дар синфи овозхонї 1 нафар