МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Маориф

                Маориф соҳаест, ки барои бунёди ояндаи тарзи ҳаёти солими миллату давлат замина ва мояи воқеӣ мегузорад.Он яке аз соҳаҳои арзишманду фаъолиятнок буда, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мактабу маориф вобастагии бевосита дорад.

          Аввалин мактаб дар ҳудуди ҳозираи шаҳри Норак соли 1946 сохта шуда буд. Сипас дар деҳаҳои Лангар ва Туткавули кӯҳна мактабҳои ҳафтсола кушода шуданд.

          Шуъбаи маорифи мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  дар  тобеияти  худ  38  муассисаи  таълимӣ  ва  томактабиро  дар  бар  мегирад.

        Аз ҷумла, -муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ-20 адад;  -муассисаҳои таҳсилоти асосӣ-4 адад; -муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ-4 адад,-гимназияи давлатии №1,-литсейи давлатии «Нурбахш»,-маркази таҳсилоти иловагӣ,-маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ,-маркази рушди истеъдодҳо,-филиали мактаби №83-и ш.Ногинскии ФР, -муассисаҳои томактабӣ  -4-то: №3, 5, 6, 8. Забони таҳсил дар 37 муассисаҳои таълимӣ забони тоҷикӣ буда, як муассиса бо забони русӣ мебошад. Барои расидан ба ҳадаф дар ҷомеа нақши асосиро омӯзгори соҳибтаҷриба ва донишманд мебозад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак 938 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 629 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Аз шумораи боло зикргардида 511 нафар омӯзгорон бо таҳсилоти олӣ, 100 нафар бо маълумоти олии нопурра, 240 нафар бо таҳсили миёнаи махсуси педагогӣ, 63 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 24 нафар донишҷӯён дар бахши 5-уми донишгоҳҳо ғоибона таҳсил намуда истодаанд, фаъолият менамоянд.  Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ба 13958 нафар баробар буда, аз ин шумора 6471 нафарро духтарон дарбар мегиран.

Номгӯи  муассисаҳои   таълимӣ Воҳ. ченак          Соли 2017
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳр адад 20
Шумораи Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми асосӣ адад 4
Муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ адад 4
Литсейи давлатӣ адад 1
Маркази технологияи информатсионӣ ва  коммуникатсионӣ адад 1
Гимназияи давлатӣ адад 1
Маркази таҳсилоти иловагӣ адад 1
Муассисаҳои томактабӣ адад 4
Филиали мактаби №83-и ш.Ногинскии ФР адад 1
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо адад 1
Шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои  томактабӣ нафар 620
Шумораи хонандагон нафар 13958
Шумораи синфхонаҳо адад 432
Аз ҷумла  кабинетҳои фаннӣ адад 62
Шумораи омӯзгорон нафар 922
Аз ҷумла, маълумоти олӣ нафар 481
миёнаи махсус нафар 980
маълумоти миёнаи умумӣ нафар 61
Муаллимони тахассуси дараҷаи олӣ нафар 97
Аз ҷумла, занҳо нафар 40
Муаллимони тахассуси дараҷаи якум нафар 241
Аз ҷумла, занҳо нафар 179
Муаллимони тахассуси дараҷаи дуюм       нафар 184
Аз ҷумла, занҳо       нафар 125
Муаллимони бедараҷаи  тахассус нафар 342
Аз ҷумла, занҳо нафар 262
Дорои унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» нафар 69
Шумораи умумии омӯзгорон нафар 938