Тандурустӣ
Номгӯи муассисаҳои тиббӣ | Воҳ. ченак | Соли 2017 |
Беморхона | адад | 1 |
Шумораи кат | љой | 221 |
Маркази саломатии шаҳрӣ | адад | 1 |
Марказҳои саломатии деҳот | адад | 3 |
Бунгоҳҳои саломатӣ | адад | 13 |
Якҷоя бо КАТС | ||
Шумораи табибони маълумоти олидор | нафар | 80 |
Ҳамшираҳои шавқат | нафар | 335 |
Корманди хурди тиббӣ | нафар | 177 |
Дорухонаи давлатӣ | адад | 1 |
Шумораи кормандони соҳа | нафар | 682 |
КУМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРИИ ШАҲРИ НОРАК
Бомақсади тартиби самтҳои асосӣ ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва иҷроиши Стратегияи мабласоҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005- 2015 давра ба давра гузаронидани таҷдиди шабакаҳо ва системаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Истифодаи мақсадноки маблағҳои рушди механизми ғайри мутамарказӣ тақсим намудани онҳо. Дар муассисаҳои КАТС ҳамагӣ95 нафар кормандон фаъолияти корӣ доранд ва ба аҳолии шаҳр хизмати тиббӣ мерасонанд, ки аз инҳо 44 табиб, 185 корманди миёнаи тиббӣ, 44 тозакунанда ва -22 нафари дигар бошад дигарон ташкил медиҳанд. Муассиса ба – 61522 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Бинои муассиса аз – 2 ошёна иборат буда, соли 1969 сохта ба истифода дода шуда, аз – 69 ҳуҷраи кори иборат мебошад. Маркази саломатии шаҳр аз 10 шуъба иборат мебошад аз ҷумла : — шуъбаи занона; — шуъбаи стоматологӣ; — шуъбаи ҷарроҳӣ;- шуъбаи амрозидаруна; — шуъбаи тибби оилавӣ;- шуъбаи таҳлилгоҳ; — шуъбаи муҳосибот; — маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил; — маркази эмтаъминкунӣ; — маркази ҳамбастаги бемориҳои кудакона. Инчунин дороӣ: – 1 маркази саломатии шаҳрӣ; — 3 маркази саломатии деҳотӣ; — 13 бунгоҳи саломатӣ; — 1 адад нуқтаи тиббӣ иборат мебошад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон шаҳри Норак А. Рӯдакӣ 19 тел/факс: 22078; 22130
Беморхонаи марказии шаҳри Норак
Беморхонаи марказии шаҳри Норак аввалин бор соли 1948 бо номи «Нурекский райздрав» бунёд шуда, дар соли 1954 аз сабаби ба ҳайати райони Орҷингзобод дохил шуданаш номи Сельский врачебный участок- ро гирифт. Дар соли 1961 бо сабаби саршавии сохтмони НБО-и Норак беморхонаи се ошёнаи марказии шаҳри Норак дорои 320 кат ва дармонгоҳ барои қабули 500 нафар бемор дар як рӯз ба истифода дода шудааст. Беморхонаи марказии шаҳр айни замон дорои 221 кат буда, аз 14 шуъбаҳои табобатӣ ва 6 шуъбаю ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Айни ҳол аз ҷониби 38 табиби илми олидор, ки 6 нафарашон дараҷаи олӣ, 2 нафар дараҷаи якум ва 12 нафар дараҷаи дуюм ва 170 нафар ҳамшираҳои тиб, ки 60 нафарашон дараҷаи олӣ, 17 нафар дараҷаи якум ва 36 нафар дараҷаи дуюм мебошанд ба оҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд. Кормандони хурд 123 нафар, коркунони хоҷаги 71 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамагӣ дар беморхона 402 корманд кор ва фаъолият доранд. дар беморхонаи марказӣ табибон аз руи ихтисосҳои зерин фаъолият менамоянд: табиби бемориҳои даруна, табиби бемориҳои дил, асабшинос, эндокринолог, ҷарроҳ, ҷарроҳи кӯдакона, осебшинос, уролог, табиби акушер гинеколог, табиби бемориҳои кӯдакона, табиби бемориҳои сироятии кӯдакона, табиби бемориҳои сироятии калонсолон, табиби бемориҳои равонӣ, стамотолог, рентгенолог, табиби лаборант.
Суроға: Шаҳри Норак, кӯчаи Яҳё Мирфозилов1/а тел: 21450
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Норак
Дар марказ айни замон 31 нафар кормандон аз ҷумла: 3 нафар табибони илми олидор, 12 нафар кормандони миёна ва 16 нафар кормандони хурд фаъолият намуда истодааст.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон шаҳри Норак кӯчаи Яҳё Мирфозилов, бинои-1 «а» тел-2-11-66.