МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Варзиш

Дар шаҳри Норак 1 варзишгоҳ  дорои 1 — майдони футбол, 1 — майдони футболи сунъи хурд ва 2 — толорҳои гуштингирӣ, ки бо масоҳатҳои 9м х 6м ва 6м х 15м — ро дар бар мегирад. Ғайр аз ин дар шаҳри Норак 2-адад муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии №1 ва №2 фаъолият карда истодаанд, ки дар муассисаҳои номбурда 8-шуъба: волейбол, тенниси руи миз, гуштини миллӣ, гуштини дзюдо, варзиши сабук, гуштини «Самбо», гуштини тарзи «Озод» ва футбол зери роҳбарии 17-мураббӣ: 12 нафар бо маълумоти олии соҳавӣ, 2 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси нопурра тамрин намуда истодаанд. Дар мактабҳои варзишии  №1 ва №2 — и шаҳри Норак айни замон 35 — гуруҳ амал намуда, зиёда аз 455 нафар варзишгар- аз онҳо 56 нафар духтарон машгулият мегузаранд.

Номгӯи  муассисаҳои   варзишӣ Воҳ. ченак          Соли 2017
Варзишгоҳ: ҳамагӣ адад 1
Дар онҳо ҷойи нишаст нафар 1500
Майдони волейбол дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимӣ адад 29
Майдони футболбозӣ адад 1
Ҳавзи шиноварӣ адад 1
Толорҳои варзишӣ адад 12
Мактабҳои варзишӣ адад 2
Шумораи мураббиён адад 17
Номзади варзиш нафар 7
Варзишгарони дараҷаи якум нафар 59
Шумораи кормандон нафар 3 бахш 17 мураббӣ
Майдони сунъӣ (искусственный) адад 1
Майдони теннис адад 1

Дар Норак як варзишгоҳ дорои 1500  ҷойи нишаст, 15 майдони баскетбол, 26 майдони волейбол, 1 майдони тӯби дастӣ, 11 майдончаҳои футбол, 1 ҳавзи шиноварӣ, 7 толори варзишӣ мавҷуд мебошад.