Бонкҳо
БДА ҶТ «Амонатбонк»
Филиали дар шаҳри Норак будаи «Амонатбонк» аз қисми амалиётӣ ва панҷ маркази хизматрасонии бонкӣ иборат буда, ба 4432 нафар нафақахурони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, 180 нафар нафақахурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ , 58 корхонаи вобастаи буҷет ва 125 адад корхона ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ хизмат мерасонад. Теъдоди 2407 нафар шаҳрвандон маблағҳои озоди худро дар филиали бонк нигоҳ медоранд, ки дар санаи 31 августи соли ҷорӣ 13 899 350 сомониро ташкил медиҳад. Дар филиал намудҳои пасандозҳои мӯҳлатноки нафақавӣ, ҷамъшаванда, ҳамватани бурунмарзӣ, имконият, бо пардохти иловагӣ ва пасандози кӯдакона ба мӯҳлатҳои 3 моҳа, 6 моҳа, 1 сола , 3 сола бо арзи миллӣ ва хориҷӣ қабул карда мешаванд. Дар шаҳри Норак ду банкомат ва панҷ постерминали «Амонатбонк» фаъолият менамояд. шумодаи коргарон 26 нафарро ташкил медиҳанд. Теъдоди дорандагони кортҳои бонкии пардохтӣ зиёда 10 000 нафарро ташкил медиҳанд. Аз инҳо 4819 нафар кортҳои нафақавӣ, 4898 нафар кортҳои корхонаҳо ва 302 нафар шахсони воқеъӣ мебошанд. Филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Норак тариқи 11 низоми байналхалқии интиқолӣ ба монанди Золотая корона, Контакт, Юнистрим, БЭСТ, Вестерн юнион, Монейграмм ва дигарҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Қабули маблағҳои коммуналӣ, аз ҷумла маблағи барқ, об, хонапулӣ дар ҳамаи дар 5 нуқтаи шаҳр ба роҳ монда шудааст.
Суроға:Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Норак. кӯчаи А. Рӯдакӣ 24а тел: +922(83138)22956
ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
Маркази Хизматрасонии Бонки 15/04 «Норак» дар шахри Норак аз санаи 15.05.2015 сол кушода шуда, ба мизоҷони худ хизматрасониҳои васеи бонкиро пешниҳод намуда истодааст. Аз ҷумла: Кушодан ва бурдани суратҳисобҳои бонкӣ; Лоиҳаи музди маош (оведрафт); Интернет — бонкинг; Пешниҳоди қарз; Хизматрасонии оведрафтӣ; Амалиётҳои хазинавӣ; Амалиётҳои асъорӣ; Интиқоли маблағҳо; Гузаронидани терминалҳои молявӣ. Маркази Хизматрасонӣ 8 нафар корманд дорад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Норак, кӯчаи А. Рӯдакӣ www.imon.tj тел: +922(83138) 24888
ҶСК «Бонки Эсхата»
Филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар ноҳияи Ёвон вобаста ба Маркази хизматрасонии бонки шаҳри Норак, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 7а буда, ки зерсохтари филиали Ёвон маҳсуб меёбад. МХБ — и мазкур 29 апрели соли 2013 фаъолияти худро оғоз намуда, айни замон дар Марказ 13 нафар кормандони баландихтисоси ботаҷриба фаъолият мебраннд. Маркази хизматрасонии бонки барои гузаронидани амалиётҳои зерини бонкӣ ҳуқуқ дорад: — Хизматрасонии интиқоли пулӣ ба шахсони воқеъи бе кушодани суратҳисоби бонкӣ; — додани қарзҳо; — хизматрасонии машварати доир ба амалиётҳои МХБ иҷозат дода шуда; — амалиётҳои хазинавӣ (қабули ва иваз намудани пулҳои фарсуда); — кушодани кортҳои пардохтии бонкӣ. Вазифаи сардори МХБ «Норак» воқеъ дар ш.Норак-ро Воҳидов М. М. ба уҳда дорад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Норак, кӯчаи А. Рӯдакӣ 7а www.eskhata.tj тел/факс: +922(83138) 21115
ҶСК «Ориёнбонк»
Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳоми табдил дода шуда, 29 декабри соли 1991 вай ба бонки саҳҳомии тиҷоратии саноатию сохтмонии Тоҷикистон «Ориёнбонк» мубадал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (лецензияи) №1 гардид. 05 апрели соли 2002 БСТССТ «Ориёнбонк» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» табдил дода шуд. Филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Норак аз шуъбаи амалиётҳои муҳосибӣ, шуъбаи амонатӣ ва қарздиҳӣ, шуъбаи интиқоли маблағҳо, шуъбаи амалиётҳои хазинавӣ, шуъбаи хоҷагидорӣ, шуъбаи инкасаторӣ ва Маркази хизматрасонии бонкӣ, воқеъ дар назди бозори марказии ш.Норак иборат буда, дар он 11 нафар кормандон фаъолият доранд. Шиори он «Ҳамкорӣ ба хотири фардо» буда, амалиётҳои зеринро мегузаронад: Қарздиҳӣ; Амонатҳо; Кортҳои пластикӣ; Амалиётҳои ҳисоби хазинавӣ; Интиқоли маблағҳо; Қуттиҳои сейфӣ; Маблағгузории тиҷоратӣ; Интернет –банкинг. Суроға: ш.Норак кӯчаи С.Ниёзов хонаи б/р. тел.2-18-14, 2-18-15