МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Савдо ва хизматрасонӣ

Савдо ва хизматрасонӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки барои ғани гардонидани буҷети маҳалӣ мусоидат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр 2 адад бозор барои хариду фуруши маҳсулотҳои ниёзи мардум ва 1 адад бозори хариду фуруши чорво фаъолият менамоянд.  Ҳаҷми гардиши мол дар давраи  ҳисоботӣ ба 92,5 миллион сомонӣ расида, ба маблағи 33,9 миллион сомонӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ таъмин гардид.

ҶДММ бозори «Сомониён» 

ҶДММ бозори «Сомониён» соли 2013 таъсис ёфтааст, роҳбараш Назаров Абдукарим мебошад. Бозори мазкур аз 8 нафар коригар ва 26 дукони хариду фурӯши фаъол иборат мебошад. Дар бозори «Сомониён» маҳсулотҳои зерин захира карда мешаванд, аз ҷумла, маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум (орд, равған, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ, намак, макарон, биринҷ, гӯшт); сабзавоту меваҷот.

ҶДММ бозори «Сайёра.Р.С»

ҶДММ бозори «Сайёра.Р.С» моҳи марти соли 2013 таъсис ёфтааст. Дар ҷамъияти мазкур 5 нафар корманд фаъолият мекунанд. Шумораи соҳибкорон 118 нафар мебошанд, ки  онҳо дар 72 мағоза ва 46 ҷойи нишаст фаъолият менамоянд. Дар бозор фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва маводҳои аввалияи ниёзи мардумро пешкаш менамояд.