МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Тарҷумаи ҳол

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1995 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси филологи тоҷик, соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ва вилояти Хатлон буда, донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Номзади илмҳои иқтисод мебошад. Фаъолияти кориашро аз соли 1995 то соли 1999 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯз ва аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1999-2003 ҳамчун мушовири шуъбаи маориф, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст. Соли 2003 сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон таъин гардида, то соли 2013 дар ин самт ифои вазифа намудааст. Солҳои 2013 то 2016 мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Аз моҳи январи соли 2020 то моҳи январи соли 2024 ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Аз 30 январи соли 2024 бо Фармони Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи и.в. раиси шаҳри Норак таъин гардидааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.