МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Мавзеҳои таърихӣ

Шаҳри Норак  имрӯзҳо дар авҷи пешравиҳо  буда, табиати нотакрор ва манзараҳои  дилфиребаш  диққати меҳмонону сайёҳонро ҷалб мекунад.  Шаҳри Норак дар соҳили рӯди Вахш ҷойгир аст. Аз Норак то пойтахти  мамлакат –шаҳри Душанбе  64  км ва то маркази вилояти Хатлон –шаҳри  Бохтар 130 км аст. Аз  байни куҳҳое,  ки Норакро  дар оғӯш  гирифтаанд, куҳи Норак  зеботарин ва балантарин аст, ки баландиаш 1714 метр мебошад. Барои амали намудани  рушди соҳаи  сайёҳи дар шаҳри Норак иншооти хусусӣ дар мавзеъҳои соҳили дарёи Вахш сохта ба истифода дода шудааст, ки барои қабули меҳмонҳои хориҷи шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дар шаҳр се меҳмонхонаи хусусӣ  фаъолият мекунанд, ки дорои 205 ҷой буда, ба талаботи  стандартӣ ҷавобгӯ  мебошанд. Қисми зиёди меҳмонон аз нерӯгоҳҳои барқи обии Норак,  Бойғозӣ ва аз обанбор дидан мекунанд.

Дар Норак як варзишгоҳ дорои 1500  ҷойи нишаст, 15 майдони баскетбол, 26 майдони волейбол, 1 майдони тӯби дастӣ, 11 майдончаҳои футбол, 1 ҳавзи шиноварӣ, 7 толори варзишӣ мавҷуд мебошад.  Инчунин мувофиқи  хатсайри сайёҳии шаҳр ба сайёҳон меҳмонхонаи «Сайёра», китобхонаи марказии шаҳр, осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»  ва фурудгоҳ  шинос карда мешаванд. Баҳри рушди сайёҳӣ дар шаҳр дар Обанбор хонаҳои болои об (пантон)  сохта шуда,  чойхонаи замонавии дорои  200 ҷойи нишаст дар соҳили дарёи Вахш мавзеи хуби истироҳату тафреҳ ба ҳисоб меравад.

Соли 2016  Пешвои  миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  дар як мавзеи  хушбоду ҳавои  соҳили   дарёи Вахш  истироҳатгоҳи замонавии «Пули  Сангин»-ро  ифтитоҳ намуд.  Истироҳатгоҳ дар ҷамоати  деҳоти  Пули  Сангин дар майдони  4 гектар бунёд шуда, бо беҳтарин  шароити  истироҳату фароғат  барои шаҳрвандони  мамлакат  ва меҳмонон  аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст. Ин мавзеъро соҳибкорӣ ватандӯст Абдурасул  Муҳидов бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бунёд кардааст.   Истироҳатгоҳ аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё,  майдончаҳои  варзишии футбол,  волейбол, баскетбол, тениси калон ва тениси рӯйи миз, толори саққобозӣ, ҳамом, мототсиклҳои  гуногунҳаҷми обӣ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳо бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхӯшӣ иборат аст.  Ҳавлӣ ва роҳравҳои  истироҳатгоҳ бо фаввораҳои  чароғон , шаршараҳои сунъӣ, бо дарахтони гуногуни нодир , гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки ба ҳар як инсон  писанд меояд.

Инчунин дар мавзеи  « Дараи Пехо»  истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи  «Офтобак» фаъолият мекунад, ки зиёда аз 450 нафар хонандагонро дар мавсими тобистона  фаро мегирад.

Бо мақсади истироҳат ва сайёҳат  минтақаи  истироҳатии  Кӯли Комсомол  азнавсозӣ карда шуда,  меҳмонхонаи «Сайёра»  мутобиқ  ба меъёрҳои  пешрафти  ҷаҳонӣ таъмир ва азнавсозӣ карда  шудааст. Дар соҳили дарё  ва обанборҳо 51 адад минтақаҳои  истироҳатии  таъиноташон  оммавӣ сохта ба истифода  дода шудаанд, ки раванди тоза  дар системаи хоҷагидории шаҳри Норак  мебошад.

Барои шароити хуби алоқа  фароҳам овардан ба сайёҳони дохилӣ  ва хориҷӣ шабакаҳои мобилии  «Вавилон», «МЛТ» , «Индиго»,  «ТК мобайл», «Билайн»  ва «Тоҷиктелеком» фаъолият  доранд