НБО-и Норак
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак соли 1960 маҳз бо ташаббуси сарвари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои ҳамон сол Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қарор қабул кард ва бунёди калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқи обӣ оғоз гардид.
Агрегати аввалини нерӯгоҳ пеш аз мӯҳлат — 15 ноябри соли 1972 ба истифода дода шуд ва декабри соли 1979 агрегати охирини нерӯгоҳ барои истеҳсоли нерӯи барқи арзон мавриди истифода қарор гирифт. Бояд гуфт, ки нерӯгоҳи Норак аз аввали ба кор даромаданаш 362,7 млрд киловат соат ва нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ 56,15 млрд к/в соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.
Дар натиҷаи сохтмони нерӯгоҳ обанбори Норак ба вуҷуд омад. Пур кардани обанбор соли 1972 сар шуд ва масоҳаташ 98 км мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард метри мукааб: тулнокиаш 70 км, бараш то 1 км, жарфияташ ба ҳисоби миёна 107 метр ва баландии сарбандаш 300 метрро ташкил медиҳад.
Нерӯгоҳи Норак бо истеҳсоли қувваи барқи арзон барои пешрафти саноати кишварамон заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон-заводи алюминии Турсунзода, комбинати кимиёвии Ёвон ба кор даромаданд, ҳазорон гектар заминҳои бекорхобидаи Ёвону Данғара ба қитъаҳои сабзу хуррами ҳосилхез табдил ёфтанд.