МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Тарабхонаҳо

Қаҳвахонаи «Насими Вахш»

      Қаҳвахонаи «Насими Вахш» соли 2000 таъсис ёфта, дорои 62 ҷойи нишаст ва 1 толор- 12 чойи нишаст иборат аст. Шумораи кормандон 4 нафар мебошад. Қаҳвахонаи мазкур ба муштариён барои хизматрасони аз қабили хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ пешкаш менамоянд: хомшурбо, тушбера, моҳибирён, сихкабоб ва ғайра.

Суроға: Шаҳри Норак, кӯчаи Калижнюка — назди соҳили дарёи Вахш                               тел: 935031206

 

 

 

 

 

 

Тарабхонаи «Сайёд»

    Тарабхонаи «Сайёд» аз соли 2014 фаъолияташро шуруъ намудааст. Шумораи коригарон 4-нафарро ташкил медиҳад. Тарабхона дорои 150 ҷойи нишаст, 1 толори калони  меҳмонқабулкунӣ ва 4 ҳуҷраи хурди меҳмонқабулкунӣ мебошад. Тарабхонаи мазкур барои хизматрасонии мизоҷони худ хӯрокҳои миллӣ ва аврупоиро пешкаш менамояд, аз ҷумла: лағмон, манту, қиммакабоб, сихкабоб ва ғайра.

Суроға: Шаҳри Норак, кӯчаи Рӯдакӣ 8                                                                                          тел: 22828

 

 

 

 

 

 

 Ошхонаи миллии «Марям»

Маркази хизматрасонии «Марям» соли 2015 таъсис ёфта, дорои мағозаи хурокворӣ, ошхонаи хурди тезтайёр, дукони самбуса, дукони гӯшт, нонвойхона ва ошхонаи миллӣ мебошад.   Ошхона воқеъ дар ошёнаи 2-юми маркази хизматрасонӣӣ мебошад. Ошхона дорои шароитҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ буда, дорои 60 ҷойи нишаст, 3 ҳуҷраи хурд(кабина),1 ҳуҷраи калон аз 30 ҷойи нишаст иборат мебошад. Дар ошхонаи мазкур баҳри мизоҷон хӯрокҳои милли пешкаш менамоянд, аз ҷумла: оши палов, тандур кабоб, сихкабоб, хомшурбо ва ғайра.

Суроға: Шаҳри Норак, кӯчаи Рӯдакӣ 10                                                                                         тел: 933800601