АВВАЛИН ГУРӮҲИ ҶАВОНОН ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

Facebook
Telegram
WhatsApp

31-уми март, дар саҳни Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи даъватшавандагон ва оғози даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади тантанав баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо ширкат карданд.

Зимни суханронии худ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҷавононро ба хизмати содиқона ба Ватан-Модар ҳидоят намуда, ба онҳо барору муваффақият ва сарбаландӣ орзу кард. Қайд гардид, ки ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таъмини суботу амният вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол ба сол беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими гусел, инчунин чанде аз падару модарони наваскарон, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеа суханронӣ намуда, ҷавононро ба хизмати содиқона, ҳифзи шарафи сарбозӣ ва эҳтиром ба савганди ҳарбӣ даъват карданд.

Қобили зикр аст, ки ҷавононе, ки ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани малакаву омодагии онҳо мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидарӯҳии иштирокдорон аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш ҳозирин гардонида шуд, ки ба ҷамъомади тантанавӣ шукӯҳи дигар бахшид.